ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки асосан бебориш пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши сусти барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрноки асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешвад. Тормеғ мефарояд Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм, рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






