Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Декабрь 6, 2022 14:18

ДУШАНБЕ, 06.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои судяи судҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва судҳои вилоятиву шаҳри Душанбе таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои ҷавону ояндадор, ки дар мақомоти судӣ ба вазифаи судя таъйин гардидаанд, таъмини волоияти қонун, шаффофият, адолати судӣ ва баррасии одилонаи парвандаҳои судиро дар доираи қонунгузории мамлакат талаб намуда, онҳоро барои ҳифзи содиқонаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва манфиатҳои давлату миллат, риояи ҳатмии талаботи қонун ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ба таъхир афтодани муҳлатҳои баррасии парвандаҳо даъват намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳар корманди мақомоти судӣ бояд бо заҳмати пайгирона ва дасту дилу нияти пок соҳиби обрӯ гардад, ба давлату миллат содиқона хизмат кунад ва вазифаи пуршарафи судяро танҳо бо риояи қатъии талаботи қонун ва бо дарки баланди масъулият иҷро намуда, дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таҳкими қонунияту адолат дар мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

“Судяҳо на танҳо зимни фаъолияти касбӣ, балки берун аз кор ва дар зиндагӣ низ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд”, — таъкид намуданд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид карда шуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ нисбат ба мутахассисони ҷавон, тарбия, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо хусусан аз ҳисоби занону духтарон, бунёди бинову иншооти муосири корӣ барои кормандони мақомоти судӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва боз ҳам беҳтар намудани шароити кору зиндагии кормандони мақомоти судии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Ба масъалаи бозомӯзии кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки минбаъд барои қабул ба озмуни коромӯз-судяҳо донистани ду забони хориҷӣ яке аз шартҳои муҳимми озмун бояд бошад.

Дар фарҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои дар вазифаҳои судяи судҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва судҳои вилоятиву шаҳрӣ таъйингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ намуданд.  Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ 06.12.2022

Декабрь 6, 2022 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд