Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бори нахуст аз Душанбе ба Исломобод парвоз анҷом дод

Декабрь 14, 2022 09:38

ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бори нахуст аз Душанбе ба Исломобод парвоз анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти «Сомон Эйр» хабар доданд.

Ояндаи наздик дар доираи барномаи тавсеаи шабакаи парвозҳо «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон роҳандозӣ намояд. Ин ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такони нав мебахшад.

Имсол ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 30 сол пур шуд. Ифтитоҳи хатсайри мустақим дар ин сол басо рамзӣ буда, бевосита ба таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, иқтисоду тиҷорат ва рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Душанбе ва Исломобод дар як минтақаи вақтӣ қарор доранд, ки ин албатта, барои мусофирон хеле мувофиқ мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе то Исломобод 90 дақиқа буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои бароҳати Boeing 737 — 800/900 сурат мегиранд.

Хотиррасон мешавем, ки ширкати «Сомон Эйр» аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ муваффақона фаъолият намуда, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкати «Сомон Эйр» аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. Бехатарӣ, тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалияти ширкат мебошанд.

Дар айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

 АКС: ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Декабрь 14, 2022 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд