Ширкати телевизионии «Мир» оид ба ҷараёни навсозии НБО-и «Норак» гузориш дод

Декабрь 20, 2022 12:19

ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз иншооти стратегии Тоҷикистон — Неругоҳи барқи обии «Норак» марҳилаи аввали навсозӣ идома дорад.  Дар неругоҳ таҷҳизотро нав ва ҷойгир мекунанд, хабар медиҳад мухбири «МИР 24».

«Ин ҷо хеле серғавғост, фарш дар зери по меларзад. Агрегатҳо ин гуна кор мекунанд. Онҳо дар як дақиқа 200 маротиба гардиш мекунанд», — нақл кард рӯзноманигор.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло танҳо як агрегат 335 мегаватт неру коркард мекунад. Баъди навсозӣ иқтидори он 12 фоиз меафзояд. Дар зимистони сард ин имкон медиҳад, ки истеъмолкунандагон бо неруи барқи ​​бефосила таъмин шаванд, дар тобистон имкон медиҳад, ки маҳсулоти зиёдатӣ содирот шуда, даромад ба даст ояд.

Навсозӣ асосан ба агрегатҳо дахл дорад, зеро маҳз онҳо обро ба қувваи барқ табдил медиҳанд. Баъзе коргарон қисмҳои дастгоҳи навро васл мекунанд, дигарон таҳкурсии зери онро мустаҳкам менамоянд.

Ба гуфтаи мухбири «МИР-24», кори НБО-и «Норак» бе азнавбарқарорсозӣ метавонад ҳар лаҳза қатъ ёбад, ки ин барои ҷумҳурӣ қобили қабул нест. Зеро маҳз дар ин ҷо беш аз 60 фисади тамоми неруи барқи Тоҷикистон ҳосил карда мешавад. Пас аз он ки ҳама корҳо ба анҷом мерасанд, неругоҳ мақоми худро чун бузургтарин иншооти гидроэнегетикӣ дар Осиёи Марказӣ тасдиқ менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: mir24.tv

Декабрь 20, 2022 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд