Шолтс аз олмониҳо даъват кард, ки дар синни 67 ба нафақа бароянд

Декабрь 12, 2022 12:31

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Канслери Олмон Олаф Шолтс изҳори умед кард, ки дар кишвар шумораи камтари мардум пеш аз вақт ба нафақа бароянд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ӯ дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзномаҳои гурӯҳи таҳририи Funke, ки иқтибосҳо аз онҳо рӯзи якшанбе паҳн шудаанд, изҳор доштааст.

«Ҳиссаи он шахсонеро, ки дар ҳақиқат то синни нафақавӣ фаъолият карда метавонанд, афзоиш додан зарур аст»,- изҳор кард ӯ ба гурӯҳи расонаҳои Funke.

Ҳукумат мехоҳад, ки дар Олмон шумораи бештари одамон дар 67-солагӣ ба нафақа бароянд, на дар 63 ё 64, ки аксаран чунин аст. Аммо барои бисёриҳо ин мушкил аст, илова кард ӯ.

Шолтс ҳамчунин «иқтидор барои баланд бардоштани» саҳми занонро дар бозори меҳнат мебинад. «Аммо барои он ки ин кор кунад, мо бояд пешниҳодҳои нигоҳубини дарозмуҳлатро дар боғчаи бачагон, кӯдакистонҳо ва мактабҳо васеъ кунем»,-таъкид кард ӯ.

Иқтисоддонҳо ва корфармоён дар Олмон кайҳо боз ба баланд бардоштани синни нафақавӣ то 70 сол, аз ҷумла барои ба эътидол овардани низоми нафақа даъват мекунанд. Аммо ҳизбҳои ҳукмрон дар созишномаи эътилофӣ муқарраротеро таъмин кардаанд, ки тибқи он синни нафақаи ҷорӣ аз 67 сол боло бардошта намешавад.

Азиза Дадабоева
АМИТ «Ховар»

АКС: Reuters

Декабрь 12, 2022 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид