ШУМОРАИ ҶАМЬБАСТИИ МАҶАЛЛАИ «ФОРУМ ПЛЮС» БА НАШР РАСИД. Дар он мавод дар бораи мактаби бостоншиносони Саразм ва барандаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод» Мирганд Шабозов ҷой дода шудаанд
ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ниҳоии маҷаллаи «Форум плюс» дар соли 2022 ба табъ расид, ки дар он якҷо бо Анҷумани зиёиёни илмӣ ва эҷодкори мамлакатҳои ИДМ, ки дар Тошканд баргузор шуд, натиҷаҳои соли гузашта ҷамъбаст мешаванд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар Анҷумани зиёиёни илмӣ ва эҷодкори ИДМ беш аз 200 нафар намояндагони кишварҳои Иттиҳод ва Туркманистон ширкат доштанд. Барномаи пурмазмуни чорабинии асосии инсонпарваронаи сол, таассуроти иштироккунандагони он — дар гузориши махсус дар сахифаҳои маҷалла оварда шудаанд.
Рӯйдоди аз ҳама ботантанаи форум –маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалии «Ситораҳои Иттиҳод» ва «Иттиҳоди дебютҳо» гардид. Дар шумораи ниҳоии маҷалла мусоҳиба бо барандаи ҷоизаи «Ситораҳои Иттиҳод», академики Тоҷикистон Мирганд Шабозов нашр шудааст.
Миёни маводе, ки аз рӯйдодҳои соли гузашта бо дастгирии фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ нақл мекунанд, ҳикоя дар бораи Мактаби меъморони ҷавон, ки аз 20 то 27 августи соли 2022 дар Тоҷикистон дар макони шаҳраки қадимаи кишоварзии Саразми шаҳри Панҷакент баргузор гардид, пешкаш гардидааст.
Маҷалла, пеш аз ҳама, пойтахти фарҳангии соли 2023 — Санкт-Петербургро муаррифӣ мекунад. Мусоҳиба бо мудири ривоятнигори мамнӯъгоҳи Петергоф Елена Бортникова мисли пули рамзӣ гардид, ки хонандагонро аз Соли мероси фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пойтахти нави фарҳангӣ равона мекунад.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






