Сироҷиддин Муҳриддин ба сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баҳои баланд дод

Декабрь 9, 2022 09:04

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Одрӣ Азуле баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба сатҳу муҳтавои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо ЮНЕСКО тайи солҳои роҳбарии хонум О.Азуле дар Созмон баҳои баланд дод.

Зикр гардид, ки ҳафтаи гузашта зимни иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш ду номинаи муштараки Тоҷикистон — «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардиданд. Ин иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Инчунин 8 декабр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёвари мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Шамила Наир-Бедуэлле мулоқот намуд.Зимни он мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба об ва иқлим матраҳ шуданд.

Шамила Наир-Бедуэлле ба нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об баҳои баланд дод.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар  шаҳри Париж дар ҳамоиши СММ-Об оид ба обҳои зеризаминӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ширкат кард.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 9, 2022 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд