«ТӮБИ ЧАРМИН». Мактаббачагони ноҳияи Деваштич ғолиби мусобиқа миёни наврасон (U-17) гардиданд

Декабрь 2, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Тӯби чармин» миёни наврасони то 17-сола оид ба футбол ба анҷом расид. Мусобиқаро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ташкил кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Бар асоси натиҷаи бозиҳо ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфт.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм дастаи гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд аз хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и ноҳияи Носири Хусрав бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд. Дар финали мусобиқа дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Деваштич ва рақами 3-и ноҳияи Шаҳринав бо ҳам вохӯрданд. Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи мактаббачагони ноҳияи Деваштич анҷом ёфт.

Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибону ҷоизадорон медалу ҷом ва дипломҳо супорида шуданд. Фазлиддин Мақсудов (гимназияи №4, шаҳри Хуҷанд), Раҳматулло Тешаев (МТМУ №9, Носири Хусрав), Шавкат Халилов (МТМУ №4, Деваштич) ва Сиёвуш Сафаров (МТМУ №3, Шаҳринав) беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаҳои худ эътироф гардиданд. Муртазо Исоев (МТМУ №3, Шаҳринав) беҳтарин бозигари мусобиқа ва Элбекҷон Пардабоев (МТМУ №4, Деваштич) беҳтарин нишонзан эълон гардиданд.

Акс: ФФТ

Декабрь 2, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид