ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, ҷумъа, 357-умин рӯзи соли 2022 аст
23 декабри соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзо ҳамоиши 11–уми сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.
***
6 сол пеш, 23 декабри соли 2016 ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири вақти кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба муносибати бо иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, номаи табрикӣ ворид гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 муайян карда шуданд.
23 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷопон — Рӯзи мавлуди император.
***
Дар Шветсия иди миллӣ — Рӯзи таваллуди Малика Силвия.
РӮЙДОДҲО:
23 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли 2010 вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи мамлакат баргузор гардид.
***
23 декабри соли 2008 дар иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таърихи қарз» қабул карда шуд.
***
6 сол қабл, 23 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсиси ИДМ Форуми «Гуфтугӯи миллатҳо-гуфтугӯи тамаддунҳо» доир шуд.
***
23 декабри соли 1972 бар асари заминларза пойтахти Никарагуа – Манагуа хароб гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1947 нахустин транзистори қувватфизо (асбоби нимноқилӣ барои тақвият, табдил ва ҳосил кардани сигналҳои электрикӣ) сохта шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






