Татбиқи «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» ба идомаи ислоҳоти соҳа мусоидат менамояд

Декабрь 5, 2022 15:46

ДУШАНБЕ, 05.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» ба такмили низоми идоракунӣ дар ширкатҳои энергетикӣ, ҷорӣ намудани низомҳои муосири ҳисоботи молиявӣ ва умуман идоракунии корпоративӣ дар ин ширкатҳо мусоидат менамояд. Оғози амалисозии лоиҳа соли 2023 ва анҷоми он соли 2026 муайян карда шудааст. Маблағ барои амалисозии лоиҳаи мазкур 15 млн. евроро ташкил дода, сарчашмаи маблағгузориаш Иттиҳоди Аврупо буда, он пурра грант мебошад. Ин матлабро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Далер Ҷумъа зимни баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикис­тон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо» дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум (01.12.2022) баён дошт.

«Дар доираи Барномаи мазкур барои ҳадафҳои зикргардида ба Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкатҳои энергетикӣ пешниҳод намудани кумакҳои техникию машваратӣ, бо мақсади мусоидат дар ташкили бозори шаффоф ва одилонаи неруи барқ пешбинӣ гардидааст. Ин дар навбати худ ба бунёди робитаи мутақобилаи қавии об, энергетика ва озуқаворӣ дар Тоҷикис­тон тавассути барқарор намудани ҳамкории мутақобилаи муассир ва беҳтар намудани ҳамоҳангии байни тарафҳои манфиатдор дар бахшҳои энергетика ва об мусоидат хоҳад кард»,-таъкид намуд вазир.

Иттилоъ дода шуд, ки қисматҳои лоиҳа ин аз сармоягузории асосӣ барои хариди таҷҳизот, таъминоти барномавии таъйиноташон гуногун (барномаҳои муҳосибӣ ва гардиши электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар ширкатҳои энергетикӣ, васеъсозии низоми SCADA) ва машваратӣ доир ба баланд бардоштани иқтидори техникию тахассусӣ дар соҳаи энергетика ва ҳамчунин, чорабиниҳои зарурӣ оид ба идомаи ислоҳоти соҳа, хизматрасониҳои машваратӣ, кумаки техникӣ барои дастгирии лоиҳа ва хароҷоти мушовирон (омодасозии лоиҳаҳои ҳамгироёна (алоқамандии энергия — об ва озуқаворӣ) ва инчунин кумак дар омодасозии асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва ҳисобот оид ба арзёбии экологию иҷтимоии лоиҳаи «Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» иборат мебошад.

Таъкид гардид, ки бо татбиқ гардидани Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори идоракунии ШСХК «Барқи Тоҷик», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30-юми августи соли 2011 тасдиқ гардида буд, ҷамъиятҳои саҳомии «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва ШСХК «Барқи Тоҷик» фаъолияти мустақилонаро оғоз намуданд.

Бо оғоз гардидани фаъолияти мустақилонаи ширкатҳо (ҷамъиятҳо) агар шаффофият дар фаъолияти техникии онҳо таъмин шуда бошад, ҳамоно як қатор омилҳо ба фаъолияти устувори онҳо таъсири манфӣ расонида истодааст. Аз ҷумла, дар сатҳи муносиб мавҷуд набудани таҷҳизот ва барномаҳои муосир барои идоракунии раванд­ҳои молиявӣ ва техникӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани кордонӣ ва тахассусмандии кормандон (дар самти истифодабарии таҷҳизот ва таъминоти барномавии зикршуда), мавҷуд набудани санадҳо ва дас­турамалҳои соҳавӣ, таҷҳизот ва низомҳое, ки барои таъсиси бозори шаффоф ва рақобатпазир зарур буда, дигар омилҳо ва равандҳои муосир, ки тақозои замон мебошанд, ба татбиқи барнома асос меёбад.

Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, бо татбиқ гардидани барнома умед аст, ки иқтидори техникии ширкатҳои энергетикӣ баланд ва сатҳи тахассусии кормандони ин ниҳодҳо дар самти истифодабарии дуруст ва самараноки таҷҳизот ва барномаҳои муосири дар доираи барнома харидоришаванда устувор карда шавад.

Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа изҳор дошт, ки «яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетика, ҳамчун пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ ба шумор рафта, он ба сифати соҳаи афзалиятноки рушди устувор ва яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар муайян карда шудааст. Маҳз бо роҳбарӣ ва тадбирҳои ҳадафноки Пешвои миллат солҳои соҳибистиқлолӣ кӯшишҳо баҳри пурра ба эътидол овардани низоми энергетикии кишвар роҳандозӣ карда шуда истодаанд ва ин мароми созанда минбаъд низ идома хоҳад ёфт».

Хотиррасон мешавем, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Декабрь 5, 2022 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид