Тоҷикистон ва Финляндия масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавиро муҳокима намуданд

Декабрь 1, 2022 18:25

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 декабр дар шаҳри шаҳри Лодзи Лаҳистон вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия Сироҷиддин Муҳриддин ва Пекка Ҳаависто доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хоирҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия, инчунин масъалаҳои марбут ба амнияти минтақвӣ ва обу иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Лодзи Ҷумҳурии Лаҳистон иҷлоси 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) доир мегардад, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин иштирок мекунад.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 1, 2022 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд