Тоҷикистон ва Покистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Декабрь 14, 2022 20:19

ДУШАНБЕ, 14.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз фарҷоми музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

Ба Изҳороти муштарак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф имзо гузоштанд.

Сипас дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

— Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

— Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Покистон (Идораи федеролии пардохтҳои Покистон) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот;

— Созишнома байни Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсат оид ба стандратҳо ва назорати сифати Ҷумҳурии Исломии Покистон (PSQCA), Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ ва суистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

— Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои таҳқиқоти захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти бунёдӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расиданд.

Баъди маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барои намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон 14.12.2022

Декабрь 14, 2022 20:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд