Вазири мудофиаи Исроил омодагии аз ҳад зиёди ин кишварро барои ҳамла ба Эрон эълон дошт

Декабрь 29, 2022 10:37

ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Исроил солҳои охир сатҳи омодагиашро ба ҳамлаи эҳтимолӣ дар иншооти ядроии Эрон қатъиян афзоиш додааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, бо чунин изҳорот рӯзи чаҳоршанбеи 28 декабр вазири мудофиаи давлати Исроил Бенни Гантс дар маросими анҷоми курси омӯзиши халабонҳои Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии Исроил дар пойгоҳи низомӣ дар ҷануби мамлакат баён дошт.

Рӯзномаи The Times of Israel навиштааст, ки ин шояд охирин баромади расмии Гантс ба сифати вазири мудофиа бошад. Қарор аст 29 декабр Кнессет (парламент) дар ҳайати ҳукумати нав таҳти раҳбарии Бенямин Нетаняҳу савганд ёд кунад. Вай пас аз интихоботи парламентии 1 ноябр ҳайати вазиронро ташкил дод. Вазифаи вазири мудофиаро дар ҳайати вазирони нав Йоав Галант ишғол мекунад.

Қаблан рӯзи чаҳоршанбе Нетаняҳу изҳор дошт, ки ҳайати вазирони нави Исроил ба муқобили барномаи ядроии Эрон аксуламалро идома медиҳад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 29, 2022 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид