Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: Дар ҷумҳурӣ қариб як миллион тонна ғалла ҷамъоварӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 2 декабри соли равон дар Тоҷикистон қариб 1 миллион тонна ғалла ҷамъоварӣ шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии мамлакат, имсол майдони умумии кишти ғалладона 304,3 ҳазор гектарро ташкил дод, хабар медиҳад avesta.tj.
То санаи муайяншуда аз ҳамаи ин майдон, аз ҷумла вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ ҳосили ғалла ҷамъоварӣ карда шуд.
Ҳосили миёнаи ғалла дар ҷумҳурӣ аз ҳар гектар 32,2 сентнерро ташкил дод.
Ҳосили умумии ғалладона 976 ҳазору 559 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҳазору 739 тонна зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки талаботи кишвар ба гандум 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Тоҷикистон як қисми гандуми заруриро аз Қазоқистон ворид мекунад.
Қаблан масъулини ВМКБ эълон карданд, ки дар якчанд навоҳии вилоят барқарор кардани заминҳои бекорхобидаи кишоварзӣ дар назар аст.
Дар айни замон дар ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъа бештар аз 32 гектар шолизор омода карда шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






