30 январ дар вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, фарҳанг ва Хадамоти алоқа оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Хадамоти алоқа соати 09:00 дар толори маҷлисгоҳи Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» баргузор карда мешавад.
Вазорати фарҳанг нишасти матбуотиро соати 10:00 дар ин вазорат баргузор менамояд.
Нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 11:00 дар вазорати мазкур доир карда мешавад.
Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ нишасти матбуотиро соати 14:00 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур доир менамояд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад






