35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Роштқалъа корҳои сохтмонӣ дар 39 иншооти дигари ҷашнӣ ҷараён доранд

Январь 13, 2023 08:32

ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 205 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 47-тои он мавриди истифода қарор гирифта, дар 39 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа хабар медиҳад.

Ҷиҳати шиносоӣ пайдо кардан аз раванди корҳои бунёдӣ дар биноҳои ҷашнӣ, Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикисон Насрулло Маҳмудзода аз ноҳияи мазкур боздид намуданд.

Ба боду ҳавои сарди фасли зимистон нигоҳ наркарда, корҳои бетонхобонию хиштчинӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ дар маркази ноҳия бомаром идома доранд.

Муассисаи таълимӣ барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз чор ошёна иборат буда, корҳои сохтмониро Раёсати сохтмони №2-и ноҳияи Роштқалъа ба зимма дорад.

Зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ моҳи март соли гузашта оғоз гардида, аллакай қабати якуми бино ба итмом расида, корҳои хиштчиниву арматурабофӣ дар ошёнаи дуюм бо суръату сифати баланд пеш мераванд.


Дар баробари бинои асосӣ, инчунин дар толорҳои маҷлис ва варзишӣ бетонрезиву хиштчинӣ идома дорад.

Бунёди муассисаи таълимии замонавӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуда, аз ҷониби Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

Ҳамзамон ҳоло дар маркази ноҳия бунёди беморхона барои 270 кати хоб мутобиқи нақша идома дорад. Фаромоишгари беморхона Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба ҳолати ҳозира 9 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

Касалхона аз панҷ бино иборат мебошад, ки баъди ба истифода додан сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинон ба маротиб беҳтар хоҳад гардид.

Роҳбарияти вилоят ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастур доданд, ки корҳоро дар иншоот сифатнок ва саривақт ба анҷом расонанд.

Дар маркази ноҳия бинои истиқоматии панҷошёна барои кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ба итмом расида, корҳои рангуборкунӣ дар дохили бино идома доранд.

Маблағгузори иншоот Ҳукумати мамлакат буда, дар рӯзҳои ҷашни 35 -солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Яке аз калонтарин иншооти ноҳияи Роштқалъа ин Неругоҳи барқи обии «Себзор» мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо интихоб шудани паймонкор — ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектормантаж» корҳо дар неругоҳ вусъати тоза касб намуд.

Муҳандисону мутахассисони ширкати мазкур корҳои заминиро барои гузоштани пойдевори оҳану бетонии сарбанд идома мебахшанд.

Баландии сарбанди Неругоҳи барқи обии «Себзор» 8,5 ва паҳноии он 8 метрро ташкил медиҳад.

Роҳбарияти вилоят ва Котиби Шӯрои амния масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа равона созанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: МИҲД ноҳияи Роштқалъа

Январь 13, 2023 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ оғоз ёфт
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд