ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОНУ ҲАЙВОНОТ АЗ САРМО. Дар Муъминобод корҳои биотехникӣ гузаронида шуданд

Январь 22, 2023 09:46

МУЪМИНОБОД, 22.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири пешгирӣ аз нестшавии парандагону ҳайвонҳои кӯҳӣ аз тарафи кормандони Муассисаи хоҷагии ҷангали ноҳияи Муъминобод дар мавзеъҳои мушкилгузар ва сукунати ҳайвоноти ваҳшӣ пайваста корҳои биотехникӣ амалӣ карда мешаванд. Масъулини соҳа аз оғози сардиҳои мавсими имсола аллакай маротибаи сеюм аст, ки дар доманакӯҳҳои ноҳияи Муъминобод, махсусан дар мавзеи Чилдухтарон чунин тадбирҳоро роҳандозӣ менамоянд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Бо мақсади аз  мавсими  сармо бе талафу мушкили  баровардани  ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон кормандони зерсохторҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола чорабиниҳои биотехникӣ гузаронида,  барои ҳайвоноту парандагон миқдори зарурии хошок, рези гандум, ҷав, шолӣ ва дигар намуди хӯроки чорворо дар ҷойҳои муайянгардида мегузоранд.

Чунин корҳои дастҷамъӣ аз рӯзҳои аввали зимистон дар доманакӯҳҳои ноҳияи Муъминобод ва атрофи он аз ҷониби Муассисаи хоҷагии ҷангали ноҳия  ташкил карда шуд. Ин тадбирҳои таъсиррасон бевосита дар маконҳои  ҳайвоноти ваҳшӣ ва мавзеи   сукунати онҳо амалӣ карда мешаванд. Дар ин раванд  танзими саршумор ва таркиби намуди ҷонвароне, ки дар чунин шароит зиндагӣ менамоянд, амалӣ гардида, то охири сардиҳои замистон ҷиҳати ба шароити табиӣ мутобиқ  кунонидану  сермаҳсулгардонии  ҳайвоноти ваҳшӣ  корҳои  мазкур ба роҳ монда мешаванд.


Корманди хоҷагии ҷангали ноҳия Абдулазиз Абдуллоев гуфт, ки «мо барои талаф наёфтани парандагон ва ҳайвонҳои ваҳшӣ дар фасли зимистон корҳои биотехникӣ гузаронида, дар доманакӯҳҳо беда, ҷав, гандум  ва дигар  намуди  хӯрокҳое, ки ҳайвонҳо истифода мебаранд,  мегузорем, чунки зимистони имсола нисбат ба дигар солҳо сардтар аст. Имсол дар  баландкӯҳҳои ноҳия аз 25 то 30 дараҷа хунукӣ ба қайд гирифта шудааст».

Бино ба иттилои масъулини соҳа, то ба имрӯз дар мавзеъҳои мушкилгузар ва сукунати ҳайвоноти ваҳшию парандагон чунин корҳои биотехникӣ ва аз сардиҳо баровардани ҷонварон бомаром идома дошта, аз ин рӯ миқдори зарурии хӯрокӣ дастрас ва захира карда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 22, 2023 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд