«АЗ ДИДОРАТОН ҲАМЕША ШОДЕМ!..». Шаҳрвандони Россия барои саёҳати солинавӣ Тоҷикистонро интихоб карданд

Январь 3, 2023 12:21

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили Соли нав барои шаҳрвандони Россия ба макони камхарҷ табдил ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоте, ки аз тадқиқоти хадамоти банақшагирии саёҳатҳои OneTwoTrip бармеояд, хабар медиҳад.

Ҳамин тариқ, сафар ба Душанберо 3,5 дарсади сайёҳон аз Россия, ки тасмим гирифтанд дар рӯзҳои таътили солинавӣ ба хориҷа бираванд, интихоб кардаанд. Чиптаи сафар ба пойтахти Тоҷикистон аз Москва 24,7 ҳазор рубл арзиш дорад.

Ҳамчунин сафар ба Узбекистон ва Қирғизистон низ оммавӣ гардидааст. Чиптаҳо ба Тошканд аз пойтахти Россия бо қимати 13,2 ҳазор ва ба Ӯш 12 ҳазор рубл фурӯхта шуданд.

Қаблан хадамоти саёҳатии OneTwoTrip иттилоъ дод, ки аз 30 декабри соли 2022 то 8 январи соли 2023 кишварҳои наздики хориҷ барои парвоз ҷолиб буданд. Манбаъ нархи чиптаҳоро маҳз дар давраи таътили солинавӣ таҳлил кард.

Арзиш аз рӯи шаҳрҳои пешсаф таҳқиқ карда шуд – ин парвозҳо аз Москва, Санкт-Петербург, Сочи, Екатеринбург ва Минеральные Воды мебошанд. Ба самтҳои панҷгонаи арзон Узбекистон ва Тоҷикистон шомил шуданд.

Нархҳо барои як шахс ба як самт нишон дода шудаанд.

«Ҳамин тавр, аз Москва ба Тоҷикистон метавон шурӯъ аз 26,4 ҳазор рубл, аз Санкт-Петербург — 33,5 ҳазор рубл ва аз Екатеринбург ҳамагӣ бо 20,9 ҳазор рубл парвоз кард», — чунин бармеояд аз маълумоти хадамот.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар меҳмонони хориҷиро ҳамеша гарму самимӣ ва бо суханони: «Аз дидоратон ҳамеша шодем, ба меҳмонӣ даъват менамоем!» истиқбол мегиранд ва гусел менамоянд!».

АКС: Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Январь 3, 2023 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид