«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хонандаи синфи 8-уми Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Мадина Каримзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар барномаи Раидои «Ховар» — «Аз Фурӯғ то Фурӯғ» иброз дошт, ки маҳз баргузории ин озмун имкон дод таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мутолиаи китоб бештар гардад.
«Иштирок дар озмуни мазкур имкон дод, ки дониши андӯхтаамро санҷида, ба ин комёбӣ мушарраф гардам», — мегўяд ў.
Ба таъбири халқ, «Хонаи бе китоб рӯзи бе Офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухандонӣ имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад.
Тафсилоти бештари мавзӯъ имрӯз, соатҳои 16:30 ва 23:30 дар барномаи фарҳангии «Аз фурӯғ то фурӯғ»-и Радиои «Ховар», ки дар партави баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пешниҳод мегардад, бо иштироки ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Мадина КАРИМЗОДА, дар таҳияи муҳаррири барнома Балхияи МУЗАФФАР ва коргардон Наврӯзи НУРУЛЛО пешниҳоди шунавандагон карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд
22 июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз меёбад
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд






