БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд мегардад

Январь 19, 2023 09:01

 ДУШАНБЕ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти давлатии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

17 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача бо лоиҳаи майдони Парчами давлатӣ шинос гардид.

Майдони парчам бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта шуда, масоҳати майдон 0,25 га мебошад. Дар майдон гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳҳо сохта шуда, ҳудуди майдон  сабзазор карда мешавад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини бахши сохтмон барои такмили лоиҳаи иншоот ва оғози корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои сохтмонии бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои иловагӣ аз 2 ошёна иборат буда, дорои 16 синфхона аст ва барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин барои бунёди иншооти ёрирасон ва истифодаи самараноки заминҳои назди мактаб супоришҳо дод.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 19, 2023 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд