Ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди шаҳри Турсунзода кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ пардохт карда шуд
ТУРСУНЗОДА, 23.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъулони дахлдор вазифадор карда шуданд, ки то охири соли 2022 ба 475 ҳазор нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ ба таври илова пардохт намоянд.
Муовини мудири филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода Маҳмадулло Латипов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иброз дошт, ки “дар асоси супориши Паёми Сарвари давлат ҷиҳати расонидани кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ бояд дар шаҳри Турсунзода ба 11 145 нафар ба маблағи 6 687 000 сомонӣ кумак расонида мешуд. То 19 январ ба 3303 нафар гирандагони кумакпулии яквақтаинаи ҳифзи иҷтимоӣ ба маблағи 1 981 800 сомонӣ ва ба 6759 нафар гирандагони кумакпулии яквақтаинаи суғуртаи иҷтимоӣ ба маблағи 4 055 400 сомонӣ маблағи кумакпулии пешниҳодгардида пардохт карда шуд”.
Имрӯзҳо дар 6 маркази хизматрасонии “Амонатбонк” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода кормандони филиали бонк ба 1083 нафар гирандагони кумакпулии яквақтаинаи ҳифзи иҷтимоии боқимонда маблағи кумакпулияшонро дар асоси рӯйхати пешниҳодгардида тариқи нақдӣ пардохт намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки “дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо соли 2022 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд».
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






