Дар Анталия бинобар тӯфон ба духтарони қадашон аз 160 см паст тавсия доданд, ки дар хона бимонанд

Январь 13, 2023 12:38

ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Анталияи Туркия ба духтарони қадашон аз 160 сантиметр паст тавсия доданд, ки то хотимаёбии тӯфон дар хонаҳояшон интизор шаванд, хабар медиҳад нашрияи Antalya Hakkinda дар саҳифаи расмии худ дар Twitter.

ВАО-и маҳаллӣ гузориш медиҳанд, ки тӯфони баамаломада аллакай мавҷҳоро то панҷ-шаш метр боло бурда, дар маркази лижаронӣ тӯфони барфӣ оғоз шудааст — вазиши шамол дар як соат ба 60 километр мерасад.

Тибқи иттилои Сарраёсати обуҳавошиносӣ, дар минтақаҳои баҳрҳои Мармар, Эгей ва Миёназамин боришоти шадид идома хоҳад дошт — сокинони шаҳракҳо аз хатари тӯфон ва обхезӣ огоҳ карда мешаванд.

Чанде пеш дар иёлати Калифорнияи ИМА 12 нафар қурбони тӯфон гардиданд. Дар бораи 6 қурбонии офати табиӣ, аз ҷумла як кӯдак дар ғарби кишвар низ хабар дода шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: Adel Salehi/CC0

Январь 13, 2023 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид