Дар ҳавзаи дарёи Мурғоб баҳри пешгирии ифлосшавии кӯли Сарез симтӯри 40-метра кашида шуд

Январь 3, 2023 10:09

ДУШАНБЕ, 03.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб бо мақсади пешгирии ифлосшавии кӯли Сарез дар ҳавзаи дарёи Мурғоб, воқеъ дар буриши дарё дар мавзеи Модиён бо дарозии 40 метр ва паҳноии 75 см симтӯр кашид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо мусоид омадани вазъи ҳаво ва кушода шудани роҳҳои мошингард дар дарёчаи мавзеи Бозордараи ноҳияи Мурғоб низ чунин кор анҷом дода мешавад. Ҳоло дар давраи сармо дар ин мавзеъ давраи яхбандӣ буда, охирҳои моҳи майи соли 2023 анҷоми ин амал имконпазир мегардад.

Бо назардошти он ки минтақаи кӯли Сарез мавзеи ҷалби сайёҳони хориҷӣ маҳсуб мешавад, ташаббуси мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ҳифзи объектҳои экологӣ пешбинӣ гардидааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Январь 3, 2023 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ дар назар аст
Олимони тоҷик ва хориҷӣ дар пиряхи Ванҷях корҳои таҳқиқотӣ мегузаронанд
Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад