Дар Душанбе ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо ниҳодҳои СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва ниҳодҳои СММ, бахусус дар соҳаи амнияти кормандони СММ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Ин нукта зимни мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКД хабар медиҳад.
Вохӯрӣ 19 январ ба муносибати ба охир расидани ваколати дипломатии Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу дар мамлакат баргузор гардид.
Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ ба фаъолияти Ҳамоҳангсози доимӣ баҳои баланд дода, барои ҳамкории судманд давоми фаъолияташ изҳори сипос кард.
Сезин Синаноғлу барои ҳамкории зич, махсусан дар соҳаи амнияти кормандони СММ ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СММ сурат гирифт.
Акс: ВКД ҶТ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






