Дар Душанбе масъалаи баргузории даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» муҳокима гардид

Январь 21, 2023 12:01

ДУШАНБЕ, 21.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» доир гардид. Дар ҷаласа се масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, масъалаи омодагиҳо ба даври аввали озмун, ки моҳи феврали соли равон доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа котиби комиссия оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат», муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода доир ба корҳои анҷомёфта ҷиҳати баргузор намудани озмун иттилоъ доданд.

Сипас аъзои комиссияи озмун атрофи масъалаи омодагиҳо ба даври аввали озмун, ки моҳи феврали соли равон доир мегардад, изҳори назар намуданд. Пешниҳод шуд, ки ба рӯйхати адабиётҳо ҳамчунин китобҳои бадеии оид ба таърих нигоштаи адибони тоҷик ҳам ворид карда шаванд.

Муовини Сарвазир таъкид намуд, ки дар ҷараёни гузаронидани даври аввали озмун бояд ба ягон камбудӣ роҳ дода нашавад, ҷиҳати баргузорӣ ва шаффофияти он назорати ҷиддӣ ва доимӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин комиссияи озмун вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати таъмини китобхонаҳои мактабӣ, донишгоҳу коллеҷҳо бо китоби “Тоҷикон” бо мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намуда, рафти баргузории озмунро тариқи воситаҳои ахбори омма ба таври доимӣ тарғибу ташвиқ намоянд.

«Ба ин васила китобхонӣ ва донистани таърихи гузаштаи пурғановати миллати азизамон дар ҷомеа тарғиб карда шавад»,-гуфт Матлубахон Сатториён

Дар охири ҷаласа ҳайати комиссияи озмун қарорҳои дахлдорро ҷиҳати баргузории даври аввали озмуни зикршуда дар моҳи феврали соли равон ва андешидани чораҳои зарурӣ қабул намуд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 21, 2023 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад