Дар Хатлон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 10 январ аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 сол сипарӣ гардид. 10 январи соли 2007 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси ин ниҳод ба имзо расид. Бахшида ба ин сана дар Хатлон ҳамоиш доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят.
Дар ҳамоиш муовини Раиси вилоят Акрам Сулаймонзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Карим Иброҳимзода, кормандони ин ниҳод ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Карим Иброҳимзода иброз намуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ кардааст, ки ин имрӯз низ бо иқдомоти наве ҷараён дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштаанд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Дар ҳамоиш як қатор кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон бо «Сипоснома», медал ва рутбаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2004 9 декабр ҳамасола дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия таҷлил мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон










Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид






