ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Иҷрои «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037» ба рушди соҳа мусоидат менамояд

Январь 11, 2023 11:15

ДУШАНБЕ, 11.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037»-ро қабул кард. Ҳадаф аз қабули гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти «иқтисоди сабз» мебошад. Амалӣ намудани Стратегияи мазкур ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд. Чунин иброз намуд коршиноси масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед СОЛЕҲОВ.   

Тавре ӯ иброздошт, ба «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мушаххас намудани ҳадафҳо дар самти рушди «иқтисоди сабз» нақшаи амал баҳри татбиқи он дар солҳои 2023-2025 ва индикаторҳои асосии стратегия замима мегарданд. Бинобар ин, татбиқи ҳадафу вазифаҳои Стратегия дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ниҳодҳои молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар воситаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешавад.

Ҳаҷми маблағгузории «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037» ба маблағи 21,6 млрд. сомониро пешбинӣ шудааст. Стратегия дар 15 соли минбаъда мавриди татбиқ қарор мегирад.

Зарурати коркарди модели нави рушди иқтисодӣ, яъне «иқтисоди сабз»-ро афзудани хатарҳои экологӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зист ба миён овардааст. Аз ин рӯ, қисме аз коршиносон ин намуди иқтисодро ба маънои васеъ, тарзи фаъолияти хоҷагидорие меҳисобанд, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон, хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад.

Ба андешаи Ҷамшед Солеҳов, иқтисоди сабз яке аз самтҳои муосири илми иқтисод буда, тайи ду даҳсолаи охир ба арсаи илм ворид гардидааст ва дар доираи он бахшҳои дигари иқтисод, ки аз ҷузъҳои табиати муҳити атроф вобастагӣ доранд, баррасӣ мешаванд.

«Айни замон ҷомеа моҳияти ибораи иқтисоди «сабз»-ро ба маъноҳои гуногун фарқ мекунад. Гурӯҳи аввал чунин меҳисобанд, ки ин соҳаи нави иқтисод буда, табиати муҳити зистро беҳтар мегардонад. Тарафи дуюм ин ифодаро ҳамчун технологияи нав ва як навъи экосистема, ки ба кумаку фоидаоварӣ ба табиат даъват мекунад, мефаҳманд. Гурӯҳи сеюм чунин мепиндоранд, ки он марҳилаи нави гузариши рушд буда, мақсади асосиаш истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Дар маҷмуъ, иқтисоди сабз ба технология тоза ё «сабз» асос ёфтааст»,- мегӯяд ӯ.

Президенти  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору босифати иқтисоди миллиро таъмин намояд.

«Бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 11, 2023 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид