Дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи таҳқиқотӣ-сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ифтитоҳ ёфт

Январь 31, 2023 17:12

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Озмоишгоҳи таҳқиқотӣ-сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ифтитоҳ гардид. Ҳадаф аз таъсиси озмоишгоҳ- ба даст овардани корҳои сотсиологӣ — таҳқиқотӣ, истифодаи самараноки иқтидори моддӣ-техникӣ ва кадрии соҳаҳои фарҳанг, табъу нашр ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.

Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки таъсиси марказҳои таҳқиқоти сотсиологӣ дар самти фарҳанг ҷиҳати омӯзиш ва таблиғи арзишҳои фарҳангӣ, таҳкими маънавиёти ҷомеа муҳим ва саривақтӣ буда, Ҳукумати мамлкат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт корҳои зиёди судманд ба анҷом расонидааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки озмоишгоҳи мазкур метавонад дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарғиби арзишҳои фарҳангии даврони истиқлол, омӯзишу тарғиби мероси фарҳангии миллати қуҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик ва дар ин рӯҳия тарбия намудани мутахассисони ояндаи соҳаи фарҳанг нақши бориз дошта бошад.

Вазифаҳои дигари он коркард, ҷамъоварӣ ва таҳияи маводи илмӣ оид ба соҳаҳои фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар сатҳи муосири илмию техникӣ; омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди хулоса оид ба падидаҳои фарҳанг, васоити ахбори омма ва масоили ҷаҳонишавӣ дар асоси усулҳои илман асоснокшуда; коркард ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ҷамъиятӣ ё иштирок дар онҳо ҳамчун узви мустақил; ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот,  дигар муассисаҳои соҳаи фарҳангу санъат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар фарҳанг; таъмини ҳамкорӣ ва алоқаи илмӣ бо муҳаққиқон оид ба мавзуъҳои илмӣ ва таъмини сифати баланди ҳифзи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти фарҳангу санъат; ташкилу гузаронидан ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ; таҳияи китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ ва дигар маводи чопӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати мутахассисон ояндаи соҳаи фарҳангу санъат ва дигар самтҳо мебошад.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Январь 31, 2023 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид