Дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи таҳқиқотӣ-сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Озмоишгоҳи таҳқиқотӣ-сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма ифтитоҳ гардид. Ҳадаф аз таъсиси озмоишгоҳ- ба даст овардани корҳои сотсиологӣ — таҳқиқотӣ, истифодаи самараноки иқтидори моддӣ-техникӣ ва кадрии соҳаҳои фарҳанг, табъу нашр ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.
Ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки таъсиси марказҳои таҳқиқоти сотсиологӣ дар самти фарҳанг ҷиҳати омӯзиш ва таблиғи арзишҳои фарҳангӣ, таҳкими маънавиёти ҷомеа муҳим ва саривақтӣ буда, Ҳукумати мамлкат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт корҳои зиёди судманд ба анҷом расонидааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки озмоишгоҳи мазкур метавонад дар татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарғиби арзишҳои фарҳангии даврони истиқлол, омӯзишу тарғиби мероси фарҳангии миллати қуҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик ва дар ин рӯҳия тарбия намудани мутахассисони ояндаи соҳаи фарҳанг нақши бориз дошта бошад.
Вазифаҳои дигари он коркард, ҷамъоварӣ ва таҳияи маводи илмӣ оид ба соҳаҳои фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар сатҳи муосири илмию техникӣ; омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди хулоса оид ба падидаҳои фарҳанг, васоити ахбори омма ва масоили ҷаҳонишавӣ дар асоси усулҳои илман асоснокшуда; коркард ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ҷамъиятӣ ё иштирок дар онҳо ҳамчун узви мустақил; ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот, дигар муассисаҳои соҳаи фарҳангу санъат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар фарҳанг; таъмини ҳамкорӣ ва алоқаи илмӣ бо муҳаққиқон оид ба мавзуъҳои илмӣ ва таъмини сифати баланди ҳифзи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти фарҳангу санъат; ташкилу гузаронидан ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ; таҳияи китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ ва дигар маводи чопӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати мутахассисон ояндаи соҳаи фарҳангу санъат ва дигар самтҳо мебошад.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид






