Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт аз мавзеъҳои назаррабои Тоҷикистон дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба мамлакати мо омаданд, барои боздид аз мавзеъҳои назаррабо саёҳати иттилоотӣ доир намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии кишвар иттилоъ доданд.
Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода таассуроташонро аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ рангину хотирмон баён доштанд.
Омӯзиш ва тарғиби зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Кувайт аз ҳадафҳои асосии сафари ҳайати мазкур мебошад.
Зимни мулоқот намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барномаҳо ва хатсайрҳои ҷолиби худро барои ба роҳ мондани ҳамкории бештар муаррифӣ намуданд.
Тоҷиддин Ҷӯразода иброз намуд, ки Кумита бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо Кувайт дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани барномаҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Кувайт тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Зикр гардид, ки бо мақсади муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста барои намояндагони воситаҳои ахбори омма ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои хориҷӣ пресстурҳо ва инфотурҳо ташкил карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 29 декабри соли 2022 дар масири Ал – Кувайт – Душанбе – Ал – Кувайт нахустин парвоз анҷом дод шуд. Ифтитоҳи парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт рӯйдоди муҳим буда, барои ҷалби бештари сайёҳони ин минтақа ба кишвари мо хизмат менамояд.
Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2019 миёни Тоҷикистон ва Кувайт Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расида, ҳамкории судманд дар ин самт бомаром идома дорад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳуккумати ҶТ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






