Гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт
ДУШАНБЕ, 25.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
«Барои соҳиб гардидан ба ин мақом 19 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе пеш аз оғози баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони 31 давлати дунё конфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони давлатҳои иштирокчӣ ин тасмимро ҷонибдорӣ намуданд»,-гуфт сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Ба гуфтаи сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумита, яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии рушди соҳаи варзиш- ин эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ мебошад, ки ҳамчун рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат ба ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона гардидааст. Ин аст, ки зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ- гӯштингирӣ аз нав эҳё ва рушд ёфта истодааст.


«Як сабаби хусусияти байналмилалӣ касб кардани гӯштини миллӣ бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зиёда аз 4 маротиба доир намудани мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ дар пойтахти Тоҷикистон мебошад»,-афзуд ӯ.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд






