Гармхонаҳои Парки инноватсионии ноҳияи Дарвоз истеҳсоли сабзавотро ба 10 тонна расониданд

Январь 28, 2023 12:00

ХОРУҒ, 28.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Парки инноватсионии саноатию технологии Дарвоз нахустин парки дорои пешрафтарин технологияи соҳаи кишоварзӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Парки мазкур соли гузашта ба маблағи 1 миллиону 168 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Дар баробари дигар корхонаҳои муосир Парки инноватсионии саноатию технологии «Дарвоз» дорои ду гармхонаи замонавӣ аст, ки ба парвариши маҳсулоти барвақтӣ, аз қабили помидору бодиринг машғуланд.  Мутахассиси  соҳибтаҷриба Ислом Ҳозиров  се сол аст, ки ба  парвариши маҳсулоти гармхона шуғл меварзад ва бо истифода аз технологияи муосири кишоварзӣ талош мекунад, то  ҳосилнокиро дар шароити ҳавои сард ва замини ками Бадахшон ҳарчӣ бештар баланд бардорад.

Ба гуфтаи Ислом Ҳозиров, «тараққиёти босуръати илму техника мо, кишоварзонро имрӯз воқеан ба ҳайрат гузоштааст. Ҳар деҳқон агар агротехникаи заминро  дар чунин гармхонаҳо дуруст истифода барад, ҳосили дилхоҳ ба даст оварда метавонад ва на танҳо дӯкону бозори ноҳия, балки бозорҳои шаҳри Хоруғ ва ҳатто маркази ҷумҳуриро низ бо сабзавоти тару тоза таъмин кардан мумкин аст».

«Дар солҳои аввал аз ин гармхонаҳо мо ҳамагӣ 100 кг сабзавот мегирифтем, зеро дар бораи тарзи дурусти истифодаи таҷҳизоти муосири кишоварзӣ  маълумоти кофӣ надоштем. Аммо солҳои минбаъда ҳосилнокӣ рӯ ба афзоиш ниҳод ва ҳоло аз ин гармхона то 8-10 тонна ҳосил мегирем. Аммо ин ҳанӯз моро қаноатманд намекунад, зеро иқтидори пурраи гармхона ба маротиб бештар аст. Соли равон  аллакай 2 тонна помидору бодирингро бо нархи аз 10 то 15 сомонӣ ба фурӯш баровардем. Дар оянда агар ҳосили гармхона боз ҳам зиёдтар гардад, табиист, ки нархи сабзавот боз ҳам арзонтар мешавад»- илова кард ў.

Дар гармхона шаш нафар бонувони маҳаллӣ кор мекунанд ва аз шароити кору музди меҳнат розианд. Гармхонаи мазкур дар масоҳати 15 садяк замин сохта шуда, бо усули қатрагӣ обёрӣ карда мешавад.  Сардиҳои аввали моҳи январ ба маҳсулоти гармхона низ бе таъсир намонданд. Дар ин рӯзҳо кормандон  ба таври шабонарӯзӣ ҳарорати дохили гармхонаро муътадил  нигоҳ дошта, беш аз 30 тонна ангиштсангро масраф карданд. Ба онҳо муаяссар шуд, ки маҳсулотро аз  сармо ҳифз намоянд. Соли равон дар гармхона кӯчати помидори навъи «Зарина F-1»  шинонда шуд. Ин навъи сабзавот аз Ҷумҳурии Узбекистон оварда  шудааст ва ба қавли мутахассисон, ба иқлим, обу ҳаво ва хоки кӯҳистон хеле мутобиқ аст.

Муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ  Раҷаббек Раҷаббеков изҳор  дошт, ки “дар шароити камзамини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкили гармхонаҳои замонавӣ ба мақсад мувофиқ буда, ҳамасола майдони замини зери гармхонаҳо афзоиш меёбад ва ҳоло миқдорашон  ба беш аз 3 гектар расидааст. Қабл аз замони истиқлол дар ҳудуди вилоят ягон гармхонаи ба меъёрҳои агротехникӣ ҷавобгӯ вуҷуд надошт. Аммо дар аксари ноҳияҳои вилоят аз 20 то 25 гармхонаи муосир бунёд шудаанд, ки дар таъмини рӯзгори худи сокинони деҳот ва дӯкону бозорҳои маркази ноҳияҳо нақши арзишманд мегузоранд».

Ин раванд минбаъд низ идома ёфта, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба ноҳияҳо сафар намуда, ба деҳқонон оид ба бунёд ва тарзу усули парвариши сабзавот дар гармхонаҳо  маслиҳату машварат медиҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Британияи Кабир 23 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 370 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расониданд
«Амонатбонк» ва «CITI BANK» дар сатҳи амалиёти бонкӣ ҳамкории мутақобилан суманд ба роҳ мемонанд
Дар Лондон масъалаи ба «Амонатбонк» додани нуфузи байналмилалӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид
Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркманистон доир мешавад
Дар Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир маҳсулоти ватанӣ муаррифӣ мегардад
Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор мешавад
Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва «China Road and Bridge Corporation» ба маблағи 31,2 миллион доллар қарордод ба имзо расид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кишти чигит оғоз гардид
Кишоварзони Тоҷикистон имсол дар 26 936 гектар зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш менамоянд
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ САЙЁҲӢ». Дар доираи ин фестивал имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон муаррифӣ карда шуд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим дар Наврӯз аз оғози кишту кори баҳорӣ башорат медод