Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 28 китобхонаи хориҷӣ мубодилаи китоб ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо китобхонаҳои хориҷи мамлакат се Ёддошти тафоҳум ва Эъломияи ҳамкорӣ имзо намуд. Ҳоло китобхона бо китобхонаҳои давлатҳои хориҷӣ 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида, бо 28 китобхонаи хориҷи ҷумҳурӣ мубодилаи китоб ба роҳ мондааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ хабар медиҳад.
Дар дувоздаҳ моҳи соли гузашта се санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии назди раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва бойгонии миллии Ҷумҳурии Арабии Миср, Эъломияи ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии буҷавии фарҳанги «Китобхонаи илмии вилоятии Калининград ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Арманистон ба тасвиб расиданд.
Дар айни замон Китобхонаи миллӣ бо Китобхонаи миллии Туркия, Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Фаронса, Китобхонаи Искандарияи Ҷумҳурии Арабии Миср дар арафаи имзои санадҳои ҳамкорӣ мебошад.
Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи китобдорӣ ва идораи иттилоот дар баррасии Вазорати корҳои хориҷӣ қарор дорад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






