Комиссияи олии аттестатсионӣ: «Тариқи онлайн пахш гардидани ҷараёни ҷаласаҳои шӯроҳои диссертатсионӣ талаботи замон аст»

Январь 9, 2023 12:22

ДУШАНБЕ, 09.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Диссертатсияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ ба таври ҷиддӣ муҳокима гардида, гузориши довталаб дар ҷаласаҳои кафедра, шўрои олимон, муассисаи пешбар шунида шаванд ва мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гиранд. Ба навгониҳои таҳқиқоти илмӣ, робита ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот, пешниҳодҳои амалӣ, патенту ихтирооти муаллифӣ бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад. Тариқи онлайн пахш гардидани ҷараёни ҷаласаҳои шўроҳои диссертатсионӣ талаботи замон дониста шуда, чораҷӯӣ намудан дар ин самт аз афзалияти фаъолияти шўроҳои мазкур маънидод карда мешавад. Ин матлаб зимни ҷаласаи васеи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти ин ниҳод дар дар соли 2022 ва вазифаҳо дар соли 2023, ки 6 январ баргузор шуд, баён гардид.

Тавре дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати раиси Комиссия, доктори илми таърих, профессор Абдулҳаким Розиқзода сурат гирифта, дар он сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, профессор Анвар Сафарзода иштирок намуд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин намояндагони Вазорати маориф ва илми мамлакат, аъзои Раёсати Комиссия, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шӯроҳои экспертӣ, раисон ва котибони шӯроҳои диссертатсионӣ, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, кормандони масъули Комиссия ва намонядагон дигар сохторҳои марбута иштирок доштанд.

Дар ҷаласа ба таври пурра фаъолияти шўроҳои экспертӣ ва диссертатсионӣ, ҳимояи якдафъаина, тартиби додани дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ, баробарарзишӣ ва азнаваттестатсиякунонӣ, муайян намудани асолати диссертатсияҳо аз барномаи компютерии «Антиплагиат», кори маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, коркард ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Комиссия, фаъолияти машваратӣ-тарғиботӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо, мукотибот ва муросилот, вазъи молиявӣ ва оид ба сатҳу сифати диссертатсияҳо маълумоти муфассал дода шуда, камбудиҳои ҷойдошта, пешниҳод ва вазифагузориҳо сурат гирифтанд.

Таъкид гардид, ки барои таҳқиқоти илмӣ мавзуъҳои мубрам, созгор ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ, ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ифодакунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ бояд интихоб карда шаванд.

Дарёфт намудани роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба таҳқиқот дар самти илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ пешниҳод карда шуд. Аз тарафи раиси Комиссия зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани нуфузи илми ватанӣ баррасии масъалаи баробарарзишии дипломҳои дараҷаҳои илмӣ ва шаҳодатномаи унвонҳои илмӣ дар хориҷи кишвар зарур дониста мешавад.

Ҳамзамон, ишора шуд, ки ҷараёни ба ҳимоя баромадани мансабдорону хизматчиёни давлатии сатҳи гуногун қатъиян тибқи Тартиби додани розигӣ ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои таълиф ва ҳимояи диссертатсия (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли2021, № АП-98) ба роҳ монда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар мамлакат 70 шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд. Муҳаққиқон метавонанд, ки дар 49 маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои илмии худро ба нашр расонанд.

Дар ҷамъбасти маҷлис як қатор олимони ватанӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти Комиссия ва дастовардҳои назарраси илмӣ бо “Сипоснома” қадрдонӣ шуданд.

АКС: Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2023 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд