Маблағи моҳона барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои томактабии давлатии шаҳри Душанбе 136 сомонӣ муқаррар карда шуд

Январь 11, 2023 14:44

ДУШАНБЕ, 11.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2023 маблағи моҳона барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои томактабии давлатии шаҳри Душанбе 136 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки қаблан он 128 сомониро ташкил медод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Тибқи банди 1-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016 «Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» ҷиҳати нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Душанбе 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва тибқи талаботи моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» аз 7 декабри соли 2022 андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз 1 январи соли 2023 дар ҳаҷми 68 (шасту ҳашт) нишондиҳанда сомонӣ муқаррар гардидаст.

Гуфта мешавад, ки пардохти маблағ аз ҷониби волидайн тавассути БДА «Амонатбонк» супорида шуда, расиди он ба муассисаи таълимӣ дастрас карда мешавад.

Дар робита ба ин Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт даъват ба амал меорад, ки дар ҳолати аз ҷониби масъулони муассисаҳои томактабии пойтахт зиёд талаб намудани маблағ метавонанд арзу шикоятҳои худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 2 21 30 92, ва вотсапи +992 002 20 40 40 ва ё почтаи элктронии dushanbe@mtu.tj пешниҳод намоянд.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 718 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 285 муассиса дар Суғд, 165 дар Хатлон, 157 дар Душанбе, 85 дар НТҶ ва 26 муассиса дар ВМКБ фаъолият менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 11, 2023 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд