МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб дониш ва лаёқату истеъдодатонро ба назар гиред

Январь 27, 2023 13:32

ДУШАНБЕ, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми интихоби ихтисос ё касб довталаб бояд дониш, лаёқату истеъдодашро бештар ба назар гирад ё пеш аз интихоб бо мутахассиси он соҳа машварат намояд. Хуб биандешад, ки аз ин касб чӣ мехоҳед ва аз он чиро интизор аст. Инчунин ҳар довталаб талаботи бозори меҳнатро ба касбу ихтисосҳо ақаллан барои 5-6 соли оянда бояд ба назар гирад, зеро дар мавриди кам будани талаби бозори меҳнат ба он касбу ихтисос ё нисбат ба талабот зиёд будани шумораи мутахассисони он соҳа манфиаташ ба соҳибкасб кам мерасад. Чунин тавсия медиҳад муовини якуми Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулбосит Шодиниё.

Ба гуфти номбурда, интихоби дурусти ихтисос барои ҳар шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст, бинобар ин ба он бояд таваҷҷуҳи зиёд кард. Интихоби касб ва ихтисос, албатта, кори шахсии ҳар кас аст, вале ҳангоми интихоби он таҷриба ва маслиҳати падару модар ва омӯзгорро ба эътибор гирифтан ба нафъи кас хоҳад буд.

«Дар таҷрибаи корӣ ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки довталаб аз интихоб шуданаш ба ин ё он касб чандон қаноатманд нест. Зеро ба андешаи довталаб, касб аз ҷониби бародар ё волидайн интихоб шудааст. Барои ба ин ҳолат гирифтор нашудан бояд бештар интихоби довталаб ба назар гирифта шавад»,- гуфт ҳамсуҳбат.

Гуфта шуд, ки беъзе аз довталабони мо дар вақти интихоби гурӯҳи шартномавӣ буҷаи оилаи худро ба инобат намегиранд, ки ин баъдан сабаби даст кашидан аз таҳсил шуда метавонад.

Абдулбосит Шодиниё иброз намуд, ки ҳар кас бояд ихтисосеро интихоб кунад, ки ба табиату қобилияташ мувофиқ бошад. Довталаб бояд, пеш аз ҳама, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату дониш, тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онро интихоб кунад. Танҳо дар ҳамин сурат интихоби касбу ихтисос дурусту дақиқ ва бошуурона буда метавонад.

Ихтисосҳо аз рӯйи монандию наздикии фанҳои имтиҳон ба ҳам дар 5 гурӯҳи ихтисосҳо муттаҳид гардидаанд, ки ин таснифотро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Марказ тасдиқ кардааст:

1) табиӣ ва техникӣ;

2) иқтисод ва география;

3) филология, педагогика ва санъат;

4) ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ;

5) тиб, биология ва варзиш.

Довталаб ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосро вобаста аз муассисаи таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо дорад.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2023 ба воситаи низоми ИМД ба 40 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ (1 академия, 18 донишгоҳ, 15 донишкада, 6 филиали донишгоҳу донишкадаҳо) ва 73 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ)-и ҷумҳурӣ донишҷӯён қабул карда мешаванд. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ба низоми ИМД дохилшудаи ҷумҳурӣ, ки коллеҷ, донишкадаю донишгоҳҳо ва як академияро дар бар мегиранд,
аз рӯйи беш аз 900 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Рӯйхати ихтисосҳо бо нишон додани муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.
Довталаби хатмкарда ё хатмкунандаи синфи 9-ум низ ҳуқуқи дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосро вобаста ба муассисаи таълимӣ аз рӯи намуди ройгон ва ё пулакӣ дорад. Аммо шакли таҳсили ӯ танҳо рӯзона мешавад, яъне таҳсили шабона, ғоибона ва фосилавиро интихоб карда наметавонад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) аз 1 марти соли равон оғоз мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 27, 2023 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАҲОНИШАВИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Доир ба саҳми Пешвои миллат дар пешниҳоди ташаббусҳои глобалӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузарад
Маркази миллии тестӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис додааст
РУШДИ МАОРИФ. Дар Хатлон ду мактаби нав дари худро ба рӯи хонандагон боз намуд
«ЭРУДИТҲОИ САЙЁРА-2023». 2 хонандаи Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби ҷойи сеюм шуд
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба ин мавзуъ дар Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Наврӯз хотирмон ҷашн гирифта шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толору озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ ба истифода дода шуд
«APНO 2023» ВА «EUPHO 2023». Дар Душанбе даври дуюми интихобӣ-ниҳоии олимпиадаи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Наврӯз дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барномаҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
КОНФЕРЕНСИЯИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СММ ОИД БА ОБ. Вобаста ба он «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ» нашр шуд