Миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт созишномаҳо ба имзо расиданд

Январь 10, 2023 10:10

ДУШАНБЕ, 10.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвияти бештари ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикиситон ва Давлати Кувайт созишномаҳо ба имзо расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Созишномаҳои мазкур 9 январ зимни баргузории ҳамоиш дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, директори меҳмонхонаи Ҳилтон Гаган Малхотра, роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Давлати Кувайт ба имзо расонида шуданд.

Зикр гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳмондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.


Ҳумчунин дар ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба меҳмонони кувайтӣ муаррифӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба кишвари мо омаданд, барои боздид аз мавзеъҳои назаррабо сайёҳати иттилоотӣ доир намуд. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода таассуроташонро аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ рангину хотирмон баён доштанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ

Январь 10, 2023 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд