«МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН: МУШКИЛОТ ВА МУЛОҲИЗАҲО». Дар Хоруғ таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев вобаста ба масъалаи хариду фурӯши одамон чун яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти унвони « Муқовимат ба савдои одамон-мушкилот ва мулоҳизаҳо» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки тибқи моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодии он арзиши олӣ мебошад. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ба таъмини риояи ҳуқуқи инсон равона гардидааст, пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ба шумор меравад.
Муовини ректор оид ба тарбия Рушонгул Шофақирова иброз намуд, ки «сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон бо дарназардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгирии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллии савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон равона шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои муқовимат ва пешгирӣ намудани чунин ҷиноятҳо то имрӯз якчанд конвенсияву протоколҳо ба имзо расонида, бо созмонҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ дорад».
Зимни ҳамоиш дар бораи «Одамрабоӣ ва оқибатҳои он» маълумоти мушаххаси илмӣ баён гардида, доир ба масъалаҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ, пешгирии одамрабоӣ, муқовимат ба савдои одамон ва дигар масъалаҳои марбут ба он маълумот дода шуд.
Инчунин дар мавзӯъҳои «Савдои одамон- падидаи номатлуби ҷомеа», «Механизми кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Пешгирии одамрабоӣ» маърузаҳо шунида шуд.
Акс: ДДХ








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






