«Муассисаҳои ислоҳӣ: ҷойи ислоҳшавӣ ё «такмили ихтисос»-и ҷинояткорон?», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Январь 17, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии  Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳиме, ки дар мамлакат ва ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастаанд, бозтоб гардиданд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Ҷумҳурият» дар саҳифаи аввали шумораи рӯзи душанбе, 16 январ, №17 (24 628) мубодилаи барқияҳои табрикӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар нашр намудааст. Ҳарду ҷониб дар барқияҳои табркотии худ изҳори боварӣ намудаанд, ки бо талошҳои муштарак миинбаъд низ ба таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, онҳоро ба муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳанд кард.

Дар ин шумора хонандагон имкон доранд, ки таҳти унвонҳои «Хатлон. Ҳиссаи вилоят дар рушди иқтисодиёти кишвар назаррас аст», «Алоқа. Рушди соҳа аз масъалаҳои меҳварии Паём буд», «Энергетика. Дар партави Паём ҳадафҳои бузург татбиқ мегарданд», «Экология. Баъзе масъалаҳо ҳалли бетаъхир мехоҳанд», «Вақте ки дил гарм аст. Таассурот аз сайри хиёбонҳои «ҷомасафед»-и Душанбе» матолиб  мутолиа намоянд.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи 10 январ, №11(4594) дар саҳифаи аввали худ зери рубрикаи шарҳи қонун таҳти унвони «Самти нави фаъолият ва дастоварди арзандаи Рустами Эмомалӣ» маводи Далер Абдуллоро ба нашр расонидааст. Муаллиф баён медорад, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳидоятҳои роҳнамунсози Пешвои миллатро меҳвари фаъолият қарор дода, нишондиҳандаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоишанд. «Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шаҳодати ин гуфта аст. Таҳияи ин қонуни мукаммал ва муҳиму саривақтӣ самти нави фаъолият ва дастоварди арзандаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб мешавад…Агар аз як тараф, баъзе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мехоҳанд арзишҳои сунъии либералиро, ки ба арзишҳои суннати миллат мувофиқ нестанд, иҷборан таҳмил намоянд, аз ҷониби дигар, баъзе аз кишварҳо мехоҳанд дар ҷомеа андешаву афкори маҳдуди радикалии динӣ ва мазҳабӣ роҳандозӣ намоянд, ки ба ормонҳои миллӣ, ба мисли «истиқлолият», «ватандӯстӣ», «адолат», «баробарҳуқуқӣ» ва «таҳаммулпазирӣ» мувофиқ нестанд. Таҳияи санади меърии ҳуқуқии зикршуда, бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир бениҳоят муҳим буда, шаҳодати он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалияи татбиқи манфиатҳои миллӣ аз он мавқеъ баромад менамояд, ки суботу ваҳдати кишварҳо омили муҳиму асоси ноил шудан ба комёбиҳост..»,-идомаи матлабро хонандагон имкон доранд аз нашрия мутолиа намоянд.

Инчунин нашрия зери рубрикаи «Мушкилот ва пешниҳод» таҳти унвони «Муассисаҳои ислоҳӣ: ҷойи ислоҳшавӣ ё «такмили ихтисос»-и ҷинояткорон?» оид ба яке аз роҳҳои ислоҳшавии ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда ба мутолиаи китоб ҷалб кардани онҳоро пешниҳод намудааст. Муаллиф С.Суннатӣ нигоштааст, ки мутолиа хотираро мустаҳкам, ҷаҳонбиниро васеъ ва камақлии даврони пириро пешгирӣ мекунад. «Муҳаққиқон натиҷаи китобхонии маҳкумшудагонро муқоиса карда, ба хулосае омадаанд, ки воқеан китоб беҳтарин ғамгусор ва тарбияткунанда аст. Китоб шахсони гирифтори кулфату ғам ва хашму асабониятро аз олами ғуссаю ҳузн ба дунёи шодию нишот ва ободкорию созандагӣ мебарад».

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  дар шумораи 11 январ, №2 (1399) зери унвони «Хатари пластика ба оламу одам», «Коркарди металлҳои стратегӣ-кафолати зиёдшавии буҷети кишвар», ««Иқтисоди сабз»-кафили рушди иқтисодиву иҷтимоӣ», «Чил хонандаву як омӯзгор…» матлабҳои таҳлиливу хонданиро рӯйи нашр овардааст.

Муаллифи мақолаи  «Хатари пластика ба оламу одам» Саида Хоҷаева аз ифлосшавии муҳити зист бо ҷурми зиёдшавии партовҳои пластикӣ изҳори нигаронӣ намуда, нигоштааст, ки «мутахассисони соҳаи экология муайян кардаанд, ки ҳар сол зиёда аз 100 намуди ҳайвоноти нодир аз ҳисоби афзудани партовҳои пластикӣ дар оби уқёнусҳо мефавтанд. Яъне, имрӯз пластика на танҳо ба инсон, балки ба иқлим ва ҳайвонот низ зарари худро расонида истодааст». Муаллиф зикр намудааст, ки аҳолии мамлакат бояд аз зарари пластика хуб бохабар бошанд, зеро зиёд ба мушоҳида мерасад, ки зарфҳои пластикии истифодашударо бепарвоёна ба манбаъҳои обу канори роҳ мепартоянд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд