«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2022». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид

Январь 24, 2023 11:13

ДУАШАНБЕ, 24.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2022» оғоз гардид. Даври ҷумҳуриявии озмун 3 рӯз давом намуда, дар он мураббияҳои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода, муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и шаҳри Хоруғ Маҳина Мамадодиева,  муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон Муҳаррам Набизода, муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Малика Саидова ва  муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Ваҳдат Ҳамида Шарипова миёни ҳам маҳорат месанҷанд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмун аз рӯйи 6 шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббия, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ сурат мегирад.

Озмуни мазкур  дар асоси Низомномаи озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон», ки он  28 феврали соли 2022 аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, баргузор мешавад.

  Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани мақом ва сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ, нишон додани мавқеъ ва маҳорати мураббиён дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ, табодули таҷриба ва ҳавасмандгардонии онҳо ба шумор меравад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2023 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад