«ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2022». Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз шуд

Январь 26, 2023 10:09

ДУШАНБЕ, 26.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» оғоз гардид, ки дар он  омӯзгорони фанҳои  забони англисии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе Фарангез Оддиева, забон ва адабиёти тоҷики Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Гулнамо Мамадгаминова,  алгебра ва геометрияи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Бахтовар Ҳукумзода,  физика ва астрономия, роҳбари маҳфили фанни физикаи МДРИ-и вилояти Суғди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҷурабой Бобоҷонов ва муаллимаи  синфҳои ибтидоии МТМУ №99 -и шаҳри Турсунзода Азизамоҳ Идиева ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон мегардонанд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Озмун се рӯз идома ёфта, дар он аз рӯи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер ғолибон муайян карда мешаванд,

Мақсад аз баргузории озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод, муаррифии таҷрибаи пешқадами онҳо ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати мамлакат ҳамасола баҳри баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор тадбирҳои зарурӣ меандешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон карданд.

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Бо мақсади пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавони соҳаи маориф ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» ҳанӯз моҳи майи соли 2006 тибқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул гардид.

Тибқи қонун, аз 1 январи соли 2007 давоми се соли аввали кор барои муаллимони ҷавоне, ки дорои маълумоти олии педагогӣ буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаклҳои гуногун кор мекунанд, имтиёзҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

— бо тартиби ғайринавбатӣ ҷудо кардани замин барои сохтмони манзил;

— ба қадри имкон дар ноҳияҳои кӯҳистон барои боғу токзор чудо кардани замин;

– додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои ширдеҳ ё парвариши 20 оилаи занбӯри асал.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 26, 2023 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд