ПАЁМИ ПЕШВО-РОҲНАМОИ МО! Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав вохӯриҳои судманд ҷараён доранд

Январь 19, 2023 11:32

ШАҲРИНАВ, 19.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 16 январ дар ноҳияи Шаҳринав гурӯҳи корӣ иборат аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, олимон, аҳли фарҳангу адаб бо мақсади ба сокинон  фамонидани моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодааст. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Вакилону фаъолони ноҳия дар вохӯрӣ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳ доштани рушду пешрафт ва устувории минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли сипаригардидаро барои мардуми шарафманди кишвар соли неку бобарор арзёбӣ намуданд. Зеро дар соли 2022 ба шарофати заҳматҳои содиқонаву созандаи мардуми диёр раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони Тоҷикистон ҳадафмандона амалӣ гардиданд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки раванди созандагиву ободкорӣ ва татбиқи барномаву нақшаҳои минбаъдаро ҷиҳати рушду пешрафти мамлакат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум боз ҳам тақвият бахшем.

Дар вохӯриҳо масъулин ёдрас шуданд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки суҳбату вохӯриҳо бо сокинон дар ҳошияи Паёми навбатии Пешвои миллат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Январь 19, 2023 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд