Прокурори генералии Қазоқистон иттилоъ дод, ки нооромиҳои соли гузаштаро дар кишвар тамоми соли 2021 омода карда будаанд
ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ошӯбҳои оммавиеро, ки моҳи январи соли гузашта дар Қазоқистон рух доданд, тамоми тӯли соли 2021 тайёр карда будаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 5 январ Прокурори генералии ин кишвар Берик Асилов (ДАР АКС) зимни баромади худ дар назди вакилони палатаи поёнии парлумон изҳор дошт.
«Тамоми соли 2021 ба таври пинҳонӣ иҷрочиён барои татбиқи чораҳои радикалӣ омода мешудаанд. Дар қатори иҷрочиён гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ низ буданд. Онҳо одамонро ҷамъ ва бо силоҳ таъмин намуда, ратсия ва нақлиёт харидорӣ мекарданд. Тафтиш муайян кард, ки баъзе қувваҳои ҷудогона ин кори зарарнокро назорат кардаанд», — гуфт Асилов.
Аввали моҳи январ дар Қазоқистон ошӯбҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки иштирокчиёни он ба полис ва низомиён ҳамла карданд. Президенти кишвар Қосим-Ҷомарт Токаев онро кӯшиши табаддулот эълон карда, ба СААД барои кумак муроҷиат намуд. То 7 январ вазъ ба эътидол омада, аз 19 январ дар саросари кишвар вазъи фавқулода бекор карда шуд. Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 238 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 4,5 ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Аскар Ахметуллин








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






