Рамзи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 13.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 январ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба воситаҳои ахбори оммаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат баргузор гардид. Дар ҷаласа таҳияи рамзи Шӯро, истифодаи роҳу усулҳои муосири хабаррасонӣ тавассути сомонаи расмии ягона, шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ва дигар масъалаҳои ба он дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар доданд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин фаъолияти гурўҳи корӣ дар соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, нақшаи он барои семоҳаи аввали соли 2023 қабул гардид. Дар ҷаласа котиби Шӯро, аъзои котибот, роҳбарони гурўҳҳои корӣ, гурўҳи кор бо воситаҳои ахбори омма ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ (фосилавӣ) иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки дар фаъолияти Шўро дар соли 2023 ба масъалаҳои тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати тарғиби таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик ва арҷ гузоштан ба он, таҳкими Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ афзалият дода мешавад. Дар роҳандозии ин тасмимҳо гурўҳи корӣ оид ба воситаҳои ахбори оммаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат нақши муҳим мебозад.
Зикр гардид, ки тоҷикони муқими Россия, донишҷўёне, ки дар ин кишвар таҳсил менамоянд ва муҳоҷирони меҳнатиӣ бояд бо рафтору фаъолияти намунавӣ нуфузи Тоҷикистонро боло бардоранд ва намояндаи миллати қадимӣ будани худро собит созанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятӣ соли 2015 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардид. Шўрои мазкур ба мақоме мубаддал гаштааст, ки ҳамоҳангӣ ва ягонагии тамоми ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар қаламрави Федератсияи Россияро фароҳам меорад.
Дар ҷаласаҳои ин Шўро ҳайати кормандони Сафорат, роҳбарони консулгариҳои генералӣ ва консулҳои фахрӣ дар манотиқи Россия, масъулини намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикистониён аз аксарияти манотиқи кишвари иқомат, намояндагони барҷастаи илму ҳунар ва зиёиёни шаҳру вилояти Москва ҷамъ меоянд.
Сафири вақтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов зимни таъсиси Шўрои мазкур изҳор дошта буд, ки «бо дарназардошти вазъи дар минтақа ва ҷаҳон ба амаломада, мо бояд дар ҳалли масоили муҳоҷират ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо муҳоҷирони меҳнатиямон аз пештара бештар кӯшишу талош намоем. Дар ин ҷода бояд дар баробари намояндагиҳои расмии Тоҷикистон аз потенсиали созмонҳои ҷамъиятӣ низ самаранок истифода бурда шавад».
Зикр шуд, ки рисолати асосии ҳамватаноне, ки дар ин кишвар ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул мешаванд, бояд пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллат, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон бошад.
АКС: Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия








Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар нишасти ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ иштирок намуд






