Reuters: ИМА ба Аврупои Шарқӣ танкҳои сершумор интиқол медиҳад

Январь 13, 2023 12:33

ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҳкими чаноҳи шарқии Созмони аҳдномаи атлантикаи шимолӣ ИМА ба Аврупои Шарқӣ аслиҳаи сершумор мефиристад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии Reuters хабар дод.

Рӯзи чоршанбе, 11 январ техникаи амрикоӣ ба бандар дар Нидерланд расид. Баъдан танкҳо ва мошинҳои ҷангӣ ба Лаҳистон ва Литва интиқол дода шуданд.

«Тақрибан 1250 воҳиди техникаи ҳарбӣ ба ин бандар ворид мешавад»,- гуфт сарпарасти амалиёт аз ҷониби Амрико полковник Роберт Келлам.

Техникаҳо аз танкҳои M-1 Abrams ва мошинҳои ҷангии Bradley аз бригадаи 2-юми гурӯҳи ҷангии дивизияи 1-уми сарбозони савора аз Форт Ҳуди иёлати Техас иборатанд.

Моҳи декабр ИМА аллакай тақрибан 700 мошини ҷангӣ, аз ҷумла танкҳои Abrams-ро ба Лаҳистон интиқол дод. Ин иқдом дар доираи барномаи Atlantic Resolve амалӣ карда шуд. Он соли 2014 оғоз шуда, барои таҳкими мавқеи Амрико дар Аврупо равона гардидааст.

АКС: The Independent

Январь 13, 2023 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид