СБМ: Теъдоди бекорон дар ҷаҳон соли равон 3 миллион меафзояд

Январь 17, 2023 10:55

ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди бекорон соли 2023 дар ҷаҳон 3 миллион нафар афзоиш ёфта, ба 208 миллион мерасад, хабар дода шудааст дар гузориши нави Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ). Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази иттилоотии СММ хабар медиҳад.

Тибқи арзёбии коршиносон, сатҳи баланди бекорӣ дар ҷаҳон 5,8% хоҳад буд. Дар баробари ин, шумораи бекорон назар ба рақамҳои пеш аз пандемия 16 миллион нафар зиёд мебошад.

Дар СБМ таваҷҷуҳ ба он ҷалб мегардад, ки коҳиши рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон эҳтимол ба он оварда расонад, ки бисёриҳо маҷбур мешаванд шароити нисбатан мусоиди кориро бо маоши камтар ва набудани кафолатҳои иҷтимоӣ қабул кунанд. Ин нобаробариро зиёд мекунад, ки миқёси он аллакай дар вақти пандемияи коронавирус афзуда буд. Арзиши беист болоравандаи зиндагӣ шумораи бештари одамонро ба камбизоатӣ мебарад. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки вазъияти дарёфти ҷойҳои кори муносиб имсол эҳтимол бадтар шавад.

Гуфта мешавад, ки паст шудани вазъ дар бозори меҳнат асосан ба афзоиши шиддати геополитикӣ, низоъ дар Украина ва нобаробарона барқарор шудани ҳолати кишварҳо пас аз пандемия вобаста аст. СБМ зикр мекунад, ки дар якҷоягӣ ин омилҳо барои таназзули иқтисодӣ (стагфлятсия) шароит фароҳам овардаанд, вақте ки таваррум афзоиш меёбад ва дар як вақт таназзули иқтисодӣ мушоҳида мешавад.

«Пастшавии суръати афзоиши шуғли ҷаҳонӣ маънои онро дорад, ки талафоти бар асари пандемия баамаломада то соли 2025 барқарор нахоҳад шуд»,- тазаккур дод яке аз муаллифони гузориш Ричард Саманс.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Акс: СБМ

Январь 17, 2023 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд