Соли 2022 аз Хуҷанд ба хориҷи Тоҷикистон зиёда аз 70 ҳазор маҷмӯи либоси варзишӣ содирот гардид

Январь 20, 2023 09:55

ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Раҳимов» яке аз корхонаҳои саноатии фаъоли шаҳри Хуҷанд  мебошад, ки давоми соли 2022 зиёда аз 70 ҳазор маҷмӯи либосҳои варзишӣ ба маблағи 14 миллион сомонӣ истеҳсол намуда, ба хориҷи кишвар, асосан Федератсияи Россия содирот кардааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. 

Самти асосии фаъолияти ҶДММ «Раҳимов» истеҳсоли либоси варзишии кимано буда, бо ин мақсад дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ васлу насб ва мутахассисон ба кор ҷалб гардидаанд.

Корхонаи мазкур аз коргоҳҳои бофандагӣ, рангу бор ва дӯзандагӣ иборат буда, 65 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Маҳсулоти истеҳсолгардида пурра аз пахта буда, ба содирот нигаронида шудааст.

Корхонаи дигари саноатӣ, ки дар он либосҳои варзишӣ истеҳсол мегарданд, ҶДММ «Са-Рей» аст. Ашёи хоми дар он истифодашаванда, яъне ришта аз дохили кишвар буда, маҳсулоти истеҳсолгардида пурра содирот карда мешавад. Дар корхона 25 нафар кор мекунанд ва соли 2022 ба маблағи умумии беш аз 2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки 19 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти якчанд корхонаи саноатӣ шинос гардида, барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Раиси вилоят ҳамзамон ҳангоми шиносоӣ фаъолияти муназзами чунин корхонаҳои истеҳсолиро назаррас арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд гардида, корхонаҳои хурду бузург ва хатҳои нав фаъол гардонда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Корея  тасмим гирифта шуд, ки  дар Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли лавозимоти варзишӣ таъсис ёбанд.

Ин тасмим зимни вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода бо ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Корея ба миён гузошта шуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин  ҷонибҳо роҷеъ ба истифодаи технологияҳои нав дар соҳаи варзиш, ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати рушди намудҳои гуногуни он табодули афкор намуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 20, 2023 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии ҳалли бастубанд барои саноати хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ баргузор мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар самти рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2025 дар Тоҷикистон дар беш аз ҳазор гектар ҷангал бунёд карда шуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Абузабӣ оид ба рушд Созишномаи молиявӣ ба имзо расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 2147 шахси воқеию хуқуқӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт гардид