«Соли 2022 бори аввал дар Тоҷикистон Бозиҳои Делфӣ баргузор гардид»,- бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг
ДУШАНБЕ, 30.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 бори аввал дар Тоҷикистон Бозиҳои Делфӣ баргузор гардид, ки дар он тақрибан 500 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз давлатҳои ИДМ иштирок намуданд. Ин матлаб имрўз дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар соли 2022 баён гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар нишаст тазаккур дода шуд, ки ба ҳайати ҳакамони Бозиҳои Делфӣ зиёда аз 30 нафар рассомон, профессорон ва докторҳои санъатшиносии ИДМ дохил гардида, довталабон аз рӯи 10 номина — фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии бадеӣ, созҳои нафасӣ ва сарояндаи анъанавӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ ва созҳои халқӣ маҳорат санҷиданд.
Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 дар хориҷи мамлакат якчанд чорабиниҳои сатҳи баландро доир намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия ва Туркманистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар ин сол инчунин, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таърихи фарҳанги мусиқии тоҷикро аз деворнигораҳои асрҳои VI–VIII метавон мушоҳида кард
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад






