Соли 2022 дар шаҳри Ваҳдат 502,3 килограмм маҳсулоти ғайристандартӣ нобуд карда шуд

Январь 11, 2023 09:54

ВАҲДАТ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони озмоишгоҳи Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат дар соли 2022 зиёда аз 1130 намунаи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти спиртию маводҳои моеи шустушӯиро гузарониданд, ки дар натиҷаи он маҳсулоти хатарнок ва ғайристандартӣ ошкор гардид. Аз ҷумла, ба миқдори 502,3 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, равғани растанӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, машруботи спиртӣ, молҳои парфюмерӣ, 654 адад бозичаҳои кўдакона ва дигар намуди маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуда, ки маблағи умумияшон 34011 сомониро ташкил медод, дар ҳайати комиссияи давлатӣ нобуд карда шуд. Дар ин бора директори Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат Пулод Мирализода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар соли 2022 дар бахши санҷиш ва назорати давлатии воситаҳои ченаки Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат озмоишгоҳи санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа аз тарафи бахши воситаҳои ченак 4388 воситаи ченак аз назорати давлатӣ гузаронида шуда, бо шаҳодатномаи ваколатдор таъмин гардид.

Соли гузашта аз тарафи бахши баҳодиҳии мутобиқат ба корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулот 221 адад сертификати мутобиқат дода шуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 11, 2023 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад