Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз доруҳои хатарноки ҳиндӣ ҳушдор дод

Январь 13, 2023 12:29

ДУШАНБЕ, 13.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз доруҳои хатарноки ҳиндӣ, ки боиси марги кӯдакон дар Узбекистон шудаанд, ҳушдор дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин созмон.

Гап дар бораи доруҳои моеъ, ба монанди Амбронол ва DOK-1 Maks, ки дар Ҳиндустон аз ҷониби Marion Biotech LTD истеҳсол мешаванд, меравад.

СУТ собит месозад, ки онҳо ба стандартҳои сифат ё мушаххасот мувофиқат намекунанд. Зеро то имрӯз истеҳсолкунанда ба СУТ кафолати бехатарӣ ва сифати ин маҳсулотро надодааст.

Зимни санҷиш дар ташхисгоҳи Вазорати тандурустии Узбекистон маълум гардид, ки намунаҳои ҳарду дору дар таркиби худ миқдори барзиёди диэтиленгликол ва/ё этиленгликол доранд.

Таъсири ин доруҳо метавонад ба дарди шикам, қайкунӣ, дарунравӣ, манъ гардидани қобилияти пешоб кардан, дарди сар, тағйирёбии ҳолати рӯҳӣ ва осеби шадиди гурдаҳоро дар бар гирад, ки метавонанд ба марг оварда расонанд.

СУТ аз муассисаҳои тиббии дахлдор даъват кардааст, ки назоратро пурзӯр намоянд ва дар занҷирҳои таъминот эҳтиёткор бошанд, инчунин ин маҳсулоти пастсифатро муайян ва аз муомилот хориҷ созанд, то ба беморон осеб нарасонанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои кушод

Январь 13, 2023 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд